------------" Модар "--------------
Аё Модар, дилу ҷонам фидоят,
Худо бахшид бузургӣ, аз бароят.
Ба хоби хеш дидам, модари ҷон,
Биҳиштро, Ӯ ниҳода зери поят. .
Дуоям деҳ, ки муҳтоҷи дуоям,
Агарчанде, ки наздат пурхатоям.
Бубахшо Модаро, шири сафедат,
Ҳамоне дон, ки бар дастат асоям. . ..
Барои тифли хеш бо чашми чори,
Ҳамеша хубиҳоро интизори.
Аё эй Модари мушфиқу ғамхор,
Надорад дида аз руи ту сери.