Девонаву дилбастаи икболи худат бош,
Саргарми худат, ошики ахволи худат бош.
Як лахза нахур хасрати онро, ки надори,
Рози ба хамин чанд калам, моли худат бош.
Думболи касе бош, ки думболи ту бошад,
Ин гуна агар нест ба думболи худат бош.
Парвоз кашанг аст, вале бегаму миннат,
Миннат макаш аз гайру пару боли худат бош.
Сад сол агар зинда бимони, гузарони,
Пас шокири хар лахзаву хар соли худат бош.
MDM (®A.a.a™)