Зи марги нобахангомат, падар, бисёр месузам,
Ба худ мепечам аз андуху оташвор месузам.
Дар ин айёми наврузи, дили фарзанди худ сузи,
Ба мисли як чароги лола дар кухсор месузам.
Зи хоки сарди гури ту ба дил афтод як сузе,
Миёни оташи андухи одамхор месузам.
Ба даври хеш чуз торикии андух намебинам,
Мисоли ахтаре дар осмони тор месузам.
Дили ту монд аз кору дили ман гашт гамбемор,
Барои он дили бекину беозор месузам.
Фаромуш кай шавад аз ёди ёрон хакталошиат,
Хамеша бахрат, эй инсони некукор, месузам