Сад дареғо моҳи моҳон меравад,
Моҳи эҳсон, моҳи Раҳмон меравад.
Карда моро ҳамчун тифли бе гуноҳ,
Моҳи ҳақ аз хони эҳсон меравад.
Ҷисму ҷонро пок карда аз гунаҳ,
Поксози қалби инсон меравад.
Даҳаи аввал, ки раҳматбор буд,
Раҳм афзун карда хандон меравад.
Буд гунаҳсуз даҳаи мағфираташ,
Карда фориғ аз гуноҳон меравад.
З-оташи дузахт раҳо карда ҳама,
Итқум минан нор алъон меравад.
Муъҷизаофар шаби Қадраш чӣ хуш,
Моҳи Имон, моҳи Қур'он меравад.
Меҳрубони карда баҳри муслимин,
Моҳи поки моҳи моҳон меравад.