Барф меборад ба фармони Худо, Барфи нав аз мову “барфӣ” аз Шумо. Зарра-зарра барф меборад сафед, Бӯсаҳое аз ту ман дорам умед. Бӯсаи ман нест оддӣ, эй нигор, Бӯсаи “Абдулҳай”-и онро шумор. Сар кунам аввал зи дастонат, парӣ, Лек онро дар ҳисобаш машмарӣ. Нӯги ангуштат бибӯсам як ба як, Мегазам онро, шунав, оҳистаҳак. Аз баногӯшу зи рухсори ту ман, Мекунам оғоз, эй симинбадан. Пас ду сад бӯса занам аз ҳар ду рӯ, Аз ду рухсори ту, рухсори накӯ. Аз баногӯшат дучандон бештар, Чорсад, яъне аз он, эй бехабар. Пас гузар созам ҷабину зулфи ту, То ҳазораш мерасонам мӯ ба мӯ. Чун зи абрӯят, камонабрӯ, вале, Бӯсаҳо мекунам махсус, бале. Мебибӯсам бо ҳуранҳои дигар, Аз миёни ҳар ду абрӯи қамар. Чун камон