Агар аз ман равӣ, боре саодатро намебинӣ.
Вафову дӯстдориву муҳаббатро намебинӣ.
Магар чун ман вафодоре ба домони ҷаҳон дидӣ,
Зи ғайри ман азизи ман садоқатро намебинӣ.
Баҳори сабзи армонат бидуни ман хазон гардад,
Ҷудо аз домани сабзам тароватро намебинӣ.
Ҳақиқат розҳои ман, дурӯғ аз ман бегона,
Бурун аз марзи ишқи ман ҳақиқатро намебинӣ
Адолатпарварам аз ман нахезад ҷабру истибдод,
Ба кӯи дигаре нақши адолатро намебинӣ.
Баҳову қадри нозатро мани дилдода медонам,
Пас аз ман аз баҳо монӣ шарофатро намебинӣ,
Назокат бо ту мемонад агар ҳамроҳи ман бошӣ,
Дур аз ман дар дағалдунё назокатро намебинӣ.
Мусибат аз нигоҳи ман набудан арҷманди ёр,
Фақат бо ман фақат бо ман мусиба