Насихати Модар Дуруғ ҳаргиз магӯ эй ҷони модар, Дуруғ дорад ба худ сад фитнаву шар. Дуруғ обат зи руй резонад охир, Дуруғ шармандаат гардонад охир. Дуруғ бар души ту вазнин бор аст, Дуруғгӯ байни халқ беэътибор аст, Дуруғгӯ доимо дар дил дар хиҷил аст, Дуруғгӯ доимо торикзамир аст. Ҳамегардад дурӯғ ифшо басе зуд, Сиёҳат созаду созад сафед худ, Агар аз ростӣ бини газанде. Худо хоҳад дар охир судмандӣ, Дуруғат гар тасодуф роҳат орад. Вале охир анною меҳнат орад, Дуруғ ҳаргиз магӯю ростгӯ бош. Ба ростии забон дар гуфтугӯ бош. Ба гуши дил шунав пандам ҷигарбанд, Худо хоҳад раҳо гарди зи ҳар банд, Дуруғ зулматгарӣ имон бошад. Дуруғ зилатгарӣ инсон бошад,