РӮЗА ТАНҲО ГУРУСНА ГАШТАН НЕСТ Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки рӯза танҳо тарки хӯрдану нӯшидан ва худдорӣ аз алоқаи ҷинсӣ кардан асту бас. Дар асл рӯза ибодатест, ки инсон ба воситаи он мекӯшад то худро аз сурати инсони оддӣ берун оварда, ба мақоми фариштагон наздик шавад. (Фариштагон намехӯранд, наменӯшанд, ҳамеша ба зикру тасбеҳ, тоату ибодат ва ситоиши Худованд машғуланд) Барои наздик шудан ба ин мақом рӯзадорро лозим аст, ки аз ҳар гуна беҳудагӯӣ ва амалҳои ношоиста парҳез намуда, ҳангоми рӯзадорӣ ба ахлоқи накӯ ва ибодат худро ороста созад. Дар хотир бигирад, ки ӯ шабу рӯзи ин моҳ дар ибодат аст. Бинобар ин, пеш аз ҳар гуфтору кирдоре дар бораи он бияндешад, ки оё ин рафтораш ба рафтори фа