Маро ошик магу, ошик нахохам шуд ба имрузат, Маро ошик магу, то сухтам аз ишки чонсузат. Ман аз он олами икболу бахти худ гузар кардам, Туро бигзор хуш бошад хама рузу хама рузат. Маро ошик магу чонам, мани ошик пушаймонам, Чи кардам бо дили ранчидаи худ ман намедонам. Аз ишки аввалини худ бароям сухтан бас буд, Намехохам дигар ишке, дигар ошик намемонам. Маро ошик магу охир, ман аз ин ишк дилгирам, Маро бигзор, то боре дили худро ба даст гирам. Пас аз даргохи ишки ту кадам монам ба дурихо, Ман аз ин ошикихову ман аз дарду гамат серам. Маро ошик магу, ишки ту аз дунё равонам кард, Маро афсонаи имрузу фардои чахонам кард. Чавониро сари рохи ту ман падруд хохам гуфт, Маро ошик магу, ки ишки са