Ба хусни туркдухтар, ки саропо макру исён аст,
Намеарзад, ки бахшоям губори нохуни поро.
Агар Хофиз ту медиди чамоли духтари тоҷик,
Барояш ҳадя мекарди тамоми руи дунёро.
Чамоли духтари тоҷик яқинан, ки Худодод аст,
Ва ман баҳраш бубахшоям ҳама гулҳои раъноро.
Агар бо чашми камбинаш ба суям як назар орад,
Фаромуш мекунам он лаҳза гулгашти мусаллоро.
Ало эй хочаи Ҳофиз гумонам, ки пушаймони,
Аз оне, ки бубахшиди Самарканду Бухороро