Як оила барои зиндагӣ ба хонаи нав кучид. Субгоҳӣ зани соҳиби хона пас аз бедор шудан даррав ба тиреза нигариста, ҳамсоязанро дид, ки либосҳои шусташударо барои хушк шудан ба сим меовехт.
Бубин, либоси ӯ чи қадар чиркин аст, -гуфт ӯ ба шавҳараш.
Аммо, ӯ бидуни ягон таваҷҷуҳ ба рузномахонӣ идома дода, зери лаб гуфт, Шояд собунаш бадсифат бошад, ё ки аслан либосшуӣ наметавонад. Ба ӯ ин корро ёд додан даркор.
Ҳамин тавр, пас аз ҳар либосшӯиву либосовезонкунӣ зан аз чиркинии либосҳои навшустаи ҳамсоязан ба ҳайрат меомад.
Аммо, як пагоҳӣ зан чун одат ба тиреза нигоҳ карда, хитоб намуд: Ооо, имрӯз либосҳоро тоза шустааст. Мумкин дуруст шустанро ёд гирифтааст!
Э не еее, гуфт шавҳар, ман имрӯз ҳан