АБДУЛЛОҲ ИБНИ МАСЪУД
Дар он рӯзгоре, ки даъвати Ислом тоза оғоз шуда буд, Абдуллоҳ ибни Масъуд писарбачаи ҳанӯз дар синни балоғат қадам нагузошта буд. Вай дар доманаи кӯҳҳои Макка дур аз мардум гӯсфандони яке аз сарони Қурайшро, ки Уқба ибни Муъайт ном дошт, ба чаро мебурд. Мардум ӯро ба номи “Ибни уми Абд” мехонданд, вале номи аслиаш Абдуллоҳ ва номи падараш Масъуд аст. Ин писарбача хабари даъвати ҳазрати Расули Худо (саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам)-ро, ки тоза дар миёни қавмаш оғоз шуда буд, мешунид, вале ба он иҳтимом намекард ва ин амр аз як сӯ ба иллати хурдсолиаш ва аз сӯи дигар ба иллати дуриаш аз мардуми Макка ва машғулияташ ба чаронидани гӯсфандон буд. Чун вай одат карда буд, ки субҳг