Хуб медонам, ки пазмонам шудӣ,
Бо таманно боз меҷӯи маро.
«Рафт»- мегӯи шабеҳи сояе,
«Аз баҳористони оғӯшам чаро?»
«Рафт» мегӯӣ, вале бо ёди ман,
Акс мебӯсӣ аз албоми кӯҳан.
Ёд меорӣ шамими ишқро,
Аз нафасҳои пур аз эҳсоси ман.
Аз миёни куртаҳоям мекунӣ,
Куртаи хокистариямро ба тан.
Дасти ларзони ту шояд мехазад,
То ба дарзу тугмаи ин пираҳан.
Ёд бод он лаҳзае, ки бо шитоб,
Гуфтамат: «Банди қабоятро кашам?»
Гуфтӣ: «Мехоҳам, ки аз лабҳои ту,
Талхии таъми сигоратро чашам.
Як ту не, ман низ пазмони туям,
Чун биёбоне ба рагбори шадид,
Чун гиёҳи ташнае бар ҷӯйбор.
Чун хиёбоне ба як субҳи ҷадид!