Қиссаи Айюб алайҳиссалом ва ҳикмати сабр...!!!
Ягон инсоне дар таърих нест, ки дар мусибатҳо мисли Айюб (а) сабр карда тавониста бошад. Биёед, аз қиссаи ин ҳазрат дарс гирем.
Айюб (а) ҳамаи неъматҳои зиндагиро доро буд, ҳафт писар ва ҳафт духтар дошт, сарватманд буд, гӯсфанду шутурҳои бисёре дошт, дар хонааш чанд нафар хидматгор дошт, ки корҳои хонаашро анҷом медоданд. Бо вуҷуди ин қадар неъмат, инсони худотарс буду ҳамеша шукргузор буд, ҳеҷ гоҳ аз ибодат ғофил намешуд.
Аллоҳ аввал аз ӯ фарзандонашро гирифт. Танҳо ҳамсараш дар канораш монду халос, ҳамаи чордаҳ фарзандонаш паси ҳам аз олам гузаштанд. Вале Айюб (а) боз ҳам шукргузорӣ мекарду ибодаташро кам накард.
Пас Аллоҳ сарваташро