Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
Ман надонам кофарам ё мусалмон ай худо То қиёмат ин манам мӯҳтоҷи имон ай худо Додаам танро ҳаме бар доғу дарди остон То расад бар осмонам нолаи ҷон ай худо Ҳар даме аз ҷаҳли мардум реша бар ҷонам занад Дар ҷаҳолат хонаи дил монда ҳайрон ай худо Бешу кам ҳар нуқтаеро дар ҷаҳон дар ёфтам Мондаам дар ҷустуҷӯй хеш сарсон ай худо покдоман то зи ман ишқу ҳавас бигзашту рафт Ҳамчу Қайсам умр дар дашту биёбон ай худо Ай худо дон он ки ман мушкилписандат будаам Вопасин рӯзам бифармон марги осон ай худо