Во хасрато, ки умрам шуд сарф дар хаёлат, Ночида гул гузаштам аз гулшани висолат. Бо нори хачр то кай сузи мани хазинро, Бардор парда аз рух бинам яке чамолат. Мижгони хунчаконат сад рох бисмилам кард, Созад дубора катлам абруи чун хилолат. То бар тан аст чонам наъти туро бихонам, Гуё бувад забонам дар васфи хатту холат. Бо хикмати Илохи Фуркон дихад гувохи, Чун ту наофарида каюми безаволат. Гайр аз чафо надорад, харгиз ибо надорад, Бо кас вафо надорад чашмони чун гизолат. Гарчи зи ман чудои ба дарди ман давои, Максуди чони мои, эй пешаи адолат. Хар субху шом Махзун фарёду нола мекун, Як рах зи суи дилдор лутфе нашуд ба холат.