Шумо шикастабаёнон, маро чи медонед?
Шумо бузургифурушон, маро чи медонед?
Надидает чу якбор чанги руёруй.
Шумо гурезаи майдон, маро чи медонед?
Ба оби мурда факат акси хеш мебинед.
Шумо каноранишинон, маро чи медонед.
Агар ба авч парам ман, пари шумо шиканад.
Аз ин муомила хайрон, маро чи медонед?
Зи гулшукуфти бахоре шумо хазон гардед.
Шумо, хазони парешон, маро чи медонед?
Ба пеши чашми хакикат чу зарра ночизед.
Ба чахлу кина бузургон , маро чи медонед?