Гуфтуги ошикона бо Худованд! Як шабе мачнун намозашро шикаст, Бе вузу дар кучаи Лайли нишаст. Ишқ он шаб, масти масташ карда буд, Фориғ аз чоми аласташ карда буд. Гуфт ё раб! Аз чи хорам кардаи?! Бар салиби ишқи дорам кардаи. Хастаам зин ишқ, дил хунам макун, Ма ки мачнунам, ту мачнунам макун. Марди ин бозича дигар нестам, Ин туву Лайлои ту, ман нестам. Гуфт эй девона! Лайлоят манам, Дар рагат пайдову пинҳонат манам. Солҳо бо зулми Лайло сохти, Ман канорат будаму нашнохти?! Ишқи Лайли дар дилат андохтам, Сад қумори ишқ, якчо бохтам. Кардамат овораи саҳро, нашуд, Гуфтам оқил мешави, аммо нашуд. Сухтам дар ҳасрати як ё рабат! Ғари Лайли бар наёмад аз лабат. Рузу шаб уро садо карди вале, Дидам