******Рамазон***** Рамазон омаду мо ғарқи гуноҳем ҳануз, Ҳама вайронадил, олуданигоҳем ҳануз. Рамазон то Рамазон ҳеҷ нашуд ҳосили мо, Ҷумла саргаштаву дармондаи роҳем ҳануз. Ғарқи дарёи гуноҳем, вале масти нигоҳ, Мо ки аз рузи азал масти нигоҳем ҳануз. Гунаҳи мо набувад гар дили мо сухта нест, Бедилонем ки ҷуз ишқ нахоҳем ҳануз. Аз сари зуҳду риё дар пайи номем вале, Дар бари аҳли назар чун пари коҳем ҳануз. Моҳи меҳмонии дилдор шуду равнақи ишқ, Ҳар саҳар дар талаби ҳасрату оҳем ҳануз. Чи бас ояд Рамазонҳо ки ғарибона ба хок, Хуфта дар ҳасрати асҳор ба оҳем ҳануз.