ҚОИДАҲОИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ 1. АЛИФБО ТАРТИБ ВА НОМИ ҲАРФҲО 1) Алифбои забони тоҷикӣ 35 ҳарф дорад: Аа Бб Вв Гг Ғғ Дд Ее Ёё Жж Зз Ии ӣӣ а бэ вэ гэ ғэ дэ йэ йо жэ зэ и (и-и дароз) Йй Кк Ққ Лл Мм Нн Оо Пп Рр Сс Тт Уу йот ка қэ эл эм эн о пэ эр эс тэ у Ўў Фф Хх Ҳҳ Чч Ҷҷ Шш Ъъ Ээ Юю Яя (у-и дароз) эф ха ҳэ чэ ҷэ ша сакта э йу йа 2. ИМЛОИ САДОНОКҲО 2) Ҳарфҳои а, о, у дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд: абр, баҳор, замон, хона, дара; об, овоз, бол, бод, доро, тавоно; умед, усто, бузург, суруд, бозу, гесу, неру, абру ва ғ. Эзоҳ. Дар анҷоми калимаҳои решагии зерин бо риояи меъёри таърихӣ у навишта мешавад: бону, зону, неку, паҳлу, олу, орзу, дору, оҳу, аду ва ғ. 3) Ҳарфи и дар оғоз ва