Мирзоолим Саидов
НАВБАТИ ЗАФАР ОЯД...
Дар масири пуршебу фарози тақдир халқи тоҷик шоҳиди ҳазорон ҳаводиси пуршур гаштааст. Вале ба иродаи қавӣ, фаросати азалӣ ва хирадсолориву матонатгузинӣ тоҷикон аз ин гирдобҳо чун шиновари қавии азми садафҷўй баромадаанд.
Оре, имтиҳоноти сангине, ки халқи тоҷик тўли садсолаҳо паси сар намуд, рўҳи ўро шикастнопазир, матонаташро баланд, дили азалан нармашро дар ин муборизаҳо обутоб дод.
Ва инак боз ба сари аҳли ҷаҳон, аз ҷумла мардуми мо вабои навбатие ба номи каронавирус бор гаштааст.
Албатта, имрўз нисбати сатҳу дараҷот, инкишоф ва коҳиши ин вабои аср тариқи васоити ахбори умум ва шаба