Холист барам бе ту, бебаҳру барам бе ту,
Дунёст ба сони гўр андар назарам бе ту.
Аз бому дари умрам хуршеди рухат метофт,
Ҷуз дард намеборад аз бому дарам бе ту.
Хуш аҳли диле будам, бе дарди саре будам,
Ҳам дарди дилам бе ту, ҳам дарди сарам бе ту.
Варзидаи ман, рафтӣ, аз дидаи ман рафтӣ,
Аз дидаи тар ояд хуни ҷигарам бе ту.
Он синадариҳо ку? Он чорагариҳо ку?
Бо синаи садпора бечоратарам бе ту.
Он шуълаи чашмон ку? Он рўи дурахшон ку?
Бар рўи ҷаҳон дигар чун менигарам бе ту?
Уммеди дарозам нест, он нозу ниёзам нест,
Кўтаҳсафарам бе ту, кўтаҳназарам бе ту.
Як резаи ҷон дорам, боз о, ки фидо созам, Варна ба ҳазорон ғам ҷон месупурам бе ту.
Гар нагзарӣ як рўзе аз кўчаи дарди ман,
Аз кўчаи ин