Мы используем cookie-файлы, чтобы улучшить сервисы для вас. Если ваш возраст менее 13 лет, настроить cookie-файлы должен ваш законный представитель. Больше информации
ЯК ҲИКМАТ Подшоҳеро вазири оқил буд. Ӯ аз вазорат даст бардошт. Подшоҳ аз дигар вазирон пурсид, ки вазири оқил куҷост? Гуфтанд: Аз вазорат даст бардоштааст ва ба ибодати Худо машғул аст. Подшоҳ назди вазир рафт ва аз ӯ пурсид:- Аз ман чӣ хато дидӣ, ки вазоратро тарк кардӣ? Гуфт: -Аз панҷ сабаб. Якум: Он, ки ту ҳамеша нишаста будӣ ва ман ҳузури ту рост меистодам. Акнун бандагии Худоеро мекунам, ки маро ҳатто дар намоз ҳам ҳукм бар нишастан мекунад. Дуввум: Он, ки ту таъом мехурдӣ ва ман нигоҳ мекардам. Акнун Раззоқе пайдо кардам, ки Ӯ намехӯрад ва маро мехӯронад. Севвум: Он ки ту хоб мекардӣ ва ман посбонӣ мекардам. Акнун Худо чунон аст, ки ҳаргиз намехобад ва маро посбонӣ мекунад. Чаҳорум: О