Агар дар зиндаги хори,
Агар ранҷуру бемори!
Агар дар зеру ғам бори,
Машав ғамгин, Худо дорӣ!
Агар ҷони ҷавонат сухт,
Вуҷуду устухонат сухт,
Агар чи хону монат сухт,
Машав ғамгин, Худо дорӣ!
Агар рафт нав ҷавоният,
Нишоти зиндагоният,
Агар рафт ёри ҷоният,
Машав ғамгин, Худо дорӣ!
Агар гашти дур аз Модар,
Ҷудо аз хонаву аз дар,
Балое гар расад бар сар,
Машав ғамгин, Худо дорӣ!
Қазо кард гар ҷигарбандад,
Ҳаёт гар мекунад фандад,
Ҷигархуну миёнбандад,
Машав ғамгин, Худо дорӣ!
Агар чи хона вайрони,
Агар чи дида гирёни,
Агар дар кунҷи зиндони,
Машав ғамгин, Худо дорӣ!
Агар рузи сиёҳ дори,
Ҳазор фарёд оҳ дорӣ,
Бидон пушти паноҳ дорӣ,
Машав ғамгин, Худо дорӣ!
Агар пои равон дорӣ,
Агар як пора нон д