Саҷдагоҳу қиблаи ман, куи модар будааст. Бе дуояш ҳамчу сарви ташналаб сузам мудом, Умри саршори ман аз он чуи модар будааст. Борҳо биншастаам, бар курсиҳои махмалин, Ҷои беғурбаттарин, паҳлуи модар будааст. Бодҳои зиндаги, соат ба соат мевазад, Боди форам гар вазад аз суи модар будааст. Суҳбаторои басо мушкил бувад бар нотавон, Файзи ман аз суҳбати дилҷуи модар будааст. Буи атру буи хуш, орад ҳаловат бар дилам, Беҳтарин буй бар машомам, буи модар будааст, Шуълаи нури илоҳи, руи модар будааст. Саҷдагоҳу қиблаи ман, куи модар будааст.