Як зумра касон
Одаму олам
нашиносанд,
Ин рӯи заминро нафасу дам
нашиносанд.
Чорпо ку наянд ту бин,ки дар
сираташон,
Нуқсест,ки худ одаму одам
нашиносанд.
Гӯянд,ки мо бандаву лек дарк
надоранд,
Сарҳои заминхӯрдаи дар нам
нашиносанд.
Азбас,ки ҳама додаи моланду
фаромӯш,
Бинмуда Худову ҳама ин дам
нашиносанд.
Имрӯз,ки ҳама ханда ба лабҳои
мазоханд,
Ин чеҳраи бечораи сархам
нашиносанд.
Онҳо,ки дили санг ба дил ҷой
ниҳоданд,
Дилҳои зи ғам сӯхтаи пурғам
нашиносанд.
Аз Чингизу Темуру Улуғ дарс
гирифтанд,
Афсӯс,ки аз он мактаби Ҳотам
нашиносанд.