——Падарҷонам— —
Тану ҷонам фидои ту
Шудам пазмон дуои ту
Калому пандҳои ту
Ҳама меҳру вафои ту
Падарҷонам куҷои ту
Падарҷонам куҷои ту.
Ту рафтӣ шодӣ аз дил рафт
Дами озодӣ аз дил рафт
Ҳама ободӣ аз дил рафт
Кунун холист ҷои ту
Падарҷонам куҷои ту
Падарҷонам куҷои ту.
Зи дидорат нагаштам сер,
Аё кони вафову меҳр.
Ба қадри ту расидам дер,
Надонистам баҳои ту.
Падарҷонам куҷои ту,
Падарҷонам куҷои ту.
Ба хуни дил калон кардӣ,
Ба роҳи нек равон кардӣ,
Забону нуқтадон кардӣ.
Бимирам дар вафои ту,
Падарҷонам куҷои ту,
Падарҷонам куҷои ту.
Дабистони адаб дидам,
Зи боғаш меваҳо чидам.
Биёфтам ончӣ пурсидам,
Зи ранҷу бо ҷафои ту.
Падарҷонам куҷои ту,
Падарҷонам куҷои ту.
Кунун бо дидаи пур нам,
Ба қ