Худованд шаш ганҷро дар шаш ҷое қарор додааст, ки мардум онро дар ҷои дигар талаб мекунанд, ки ҳеч гуна ва ҳеч вақт нахоҳанд ёфт!
1. Осоиш-ро дар Биҳишт қарор додам, лекин мардум онро дар дунё мекобанд.
2. Илм-ро дар гурӯснагӣ гузоштам, аммо мардум онро дар серӣ металабанд.
3.Иззат-ро дар бедории шаб ниҳодам, аммо мардум онро дар дарбори шоҳҳон меҷӯянд.
4.Рафъат (баландмартабагӣ)-ро дар хоксорӣ гузоштам, лекин мардум онро дар такаббур мехоҳанд.
5.Мустаҷоб шудани дуъо-ро дар ғизои ҳалол қарор додам, аммо инсонҳо онро дар ҳаром када шудаҳо меҷуянд.
6.Бениёзӣ-ро дар қаноъат қарор додам, вале мардум онро дар зиёдии мол талаб мекунанд.