Дило як лаҳза ором бош, мадеҳ озор ҷисмамро,
Ба ҳолам раҳм кун охир, марезон ашки чашмамро.
Муроди ту висоли ёр буд, ки ҳеҷ гашт афсӯс,
Махур ғамҳои оламсӯз, масузон ақлу ҷонамро.
Манам ё Раб, ки аз атри хуши ҷонона маҳрумам,
Намеёбам атри ӯ, ки хуш созам машомамро.
Дами сӯҳбат башоратҳо, нишоте буд барои дил,
Дуои субҳидам хонам, ки боз бинам нишотамро.
Зи дастам меравад ин дил, ба сӯйи орзӯҳояш,
Агар бе дил бимонам ман, чи ҷур созам замонамро?!
Ба фармони дилам, чашмам қариби кур шуд ҷоно,
Агар бе чашм монад сар, чихел бинам нигорамро?!
Ҳазорон лофу айб гуфтам, ки ором бинамаш дилро,
Валекин, рад кард манрову яксон кард ҷаҳонамро.
Худоё, худ бидеҳ сабраш, ки аз ин дард бурун