Дилам девонаву шайдо зи ишқ аст, Сарам овора дар дунё зи ишқ аст. Умеди васли дилбар дар дили ман, Баҳорам сабзу накҳатзо зи ишқ аст. Ҳавас дар синаам кошона карда, Ба чашмам зиндагӣ зебо зи ишқ аст. Сиришки дидаҳои чашми ошиқ, Тамоми оҳу вовайло зи ишқ аст. Ҳама шеъри тарам аз бобати ишқ, Забони хомаам гӯё зи ишқ аст. Ту медонӣ, чаро дар нола дарё? Фиғону нолаи дарё зи ишқ аст. Нашуд аз симу зар доро Зулайхо, Зулайхо ҷони ман доро зи ишқ аст. Назар кун аз дили гардун ба дунё, Ҳама шӯру сару савдо зи ишқ аст. Ҷаҳон бо ин ҳама ҷангу кашокаш, Намемирад!!!- Сабаб танҳо зи ишқ аст. Ғазал, ки зодаи ишқасту меҳр аст, Равону нобу бомаъно зи ишқ аст. Нишоти одамӣ дар моли ӯ не, Нишоти одамӣ, Тилло ,