Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Ҳар марди шутурдор Увайси қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг ақиқи ямани нест.
Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули маданӣ нест.
Бар мурдадилон панд мадеҳ хеш маёзор,
Зеро ки Абӯҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.
Бо марди Худо панҷа маяфканд чу Намруд,
Ин ҷисми Халил аст, ки оташзаданӣ нест.
Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат,
Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест.
Ҷое ки бародар ба бародар накунад раҳм,
Бегона барои ту бародар шуданӣ нест.
Садбор агар доя ба тифли ту диҳад шир,
Ғофил машав эй дуст ки модар шудани нест.
МАВЛОНОИ БАЛХӢ