Бишав он уммати зори Мухаммад,
Ки шаб бо зикр,бедори Мухаммад.
Шариатро макун хор,эй бародар,
Бирав андар паи кори Мухаммад.
Сарат аз ишки Ахмад,дард дорад,
Бимон як лахза,бемори Мухаммад.
Мухаммад уммати гуфт,умати гуфт,
Ту хам гир аз сари бори Мухаммад.
Умеди рузи дидор,ин якин аст,
Ки бини,боз дидори Мухаммад.