Имрӯз миёни мардумон хешутаборӣ нест,
На дидану на пурсидан гилагузорӣ нест.
Замона гуфта байнамон баҳона мекунем,
Чаро, ки байнамон дигар он дӯстдорӣ нест.
Асли ҳақиқат он, ки мо дунёталаб шудем,
Ба ёди молу сарваташ моро қарорӣ нест.
Бисёр зи худ рафтаем, ки хурдамон калон,
Одам куҷо шуморемаш, одамшуморӣ нест.
Ба фикри кунди мо дигар безар на одам аст,
Бе симу зар барои мо инсони орӣ нест.
Намондааст миёни мо меҳри бародарӣ,
Аз он, ки оби раҳмате дар сина ҷорӣ нест.
Ҳатто барои он Худо, ки ҷон биофарид,
Аз ҷониби мову шумо сипосгузорӣ нест.