Чаро одам чунин гумроҳ бошад,
Берун аз гуфтаи Аллоҳ бошад.
Бибандад дил ба дунёву ба молаш,
Ки фикри охират рафта зи ёдаш.
Натарсад аз Худою аз Расулаш,
Натарсад аз азоби қабру гураш.
Натарсад аз қиёмат аз сироташ,
Битарсад аз барои пулу молаш.
Бигуяд он Худо эй бандаи ман,
Бикун ту саҷда танҳо барои ман.
Бигуяд он расули меҳрубон ҳам
Ки эй одам магард хурсанд дар олам.
Битарс аз олами сузони Аллоҳ.
Вале одам ханузам он гумроҳ аст,
Бикушад аз барои пулу молаш,
Фурушад ҳам имону ҳам ҷаҳонаш.
Надорад андаке андеша одам,
Ки охир месузад дар он ҷаҳаннам.
Вале одам ба ҷои зикри он зот,
Биранчонад касеро худаш шод
Биёед дустон ҳушёр гардем,
Ба ин дунёи фонӣ дил набандем.
Бада