"Панде барои ҷавонони покдоман ки дар ҷустуҷуи аруси покдоман ҳастан" Аҳмад, ҷавони диндор, худотарс, ҳамеша дар роҳи Худо мустақим, ботақво ва хушмуомила буд. Ӯ дар хонаводаи диндор ва бошарофат ба дунё омада калон шуда буд. Ҳамеша кӯшиш менамуд, ки панҷ вақт намозро дар масҷид бо ҷамоат бигузорад. Аҳмад бисёр ҷавони боадаб буд, мардум ӯро дӯст медоштанд. Ҳар вақте, ки аз масҷид мебаромад, пойафзолҳои намозхонҳоро ба пешашон мегузошт. Ҷавонони ҳамсинну солаш ӯро Аҳмадҷон мегуфтанд ва сахт эҳтиромаш мекарданд ва ба суханонаш гӯш мекарданд. Аҳмад бо шахсоне, ки ба ӯ ҳасад мебурданд, низ қаҳр надошт ва бо онҳо низ рафтори дӯстона менамуд. Падари Аҳмад сармояи зиёд надошт ва як дӯкондори оддӣ б