Бо нураш гарчи ин хуршеди ховар, Фаро гирад чахонеро саросар , Намегардад валекин он баробар Ба ин пуркуввати бо мехри модар! Факат модар ба хар гармову сармо, Хамеша бар сари гахвораи мо , Накарда мижа тах , биншаста шабхо , Бипарвард у чу чон бигрифта дар бар . Вучудаш чун ба фарзанд аст пайванд, Варо хонад ба худ чону чигарбанд. Агар хоре занад бар пои фарзанд, Дили модар шавад гамгин мукаррар . Барои фикру ёди пурумедаш, Барои хурмати муи сафедаш , Ба чон хам хурмату иззат кунедаш , Набошад то ки чашмаш хеч гах тар.