Ҷаҳон рӯзе ба хок яксон шавад нохост медони,
Фано гардад ҳама чизе, ки дар дунёст медони.
Касе гумкардаи худро дар ин дунё нахоҳад ёфт,
Ки дунё ҷои гумкарду камию кост медони.
Ту кай мири намедони, фақат дони, ки мемири,
Ҳамин аст маҳзи нодони, Худо доност медони.
Ба чашмони бинои худ намехоҳи ҳақиқат дид,
Ҳамон кӯре,ки нобиност зи ту биност медони.
Ду се рӯзе,ки меҳмонӣ дар ин дунё ғанимат дон,
Ки рӯзе мерави дар хок, сарат танҳост медони.
Ту абди бандаи махлуқ, Худо Маъбуду Холиқ аст,
Ба фармонаш итоат кун,ки Ҳақ аст рост медони.
Анис аз хоби ғафлат хез, ҳанӯзам фурсате дори,
Мусулмон рав аз ин дунё, сарат болост медони.