Мавлуди Набӣ
Моҳи Мавлуди Набӣ бар шумо бародарон ва хоҳарони исломиам муборак бод, бигзор Худованд нури ҳидоятро бар қалбҳои мо ҳувайдо гардонад омин. Салавотро бисёр бар забонҳои хеш оред.
Барои фазлу афзунии тоот,
барои қурбати халлоқи ҷаннот,
Барои рафъати фазлу мақомот,
Барои ҳалли ҳар матлубу ҳоҷот.
Бигӯям бар Расулаллоҳ салавот,
Бигӯям бар Ҳабибаллоҳ салавот.
Бар ҳар маҷлис, ки бо ёрон нишинем,
Ҷамоли ҳамдигар шодон бубинем.
Зи боғи маърифат гулҳо бичинем,
Агар ҷӯяндаи роҳи яқинем.
Бигӯям бар Расулаллоҳ салавот,
Бигӯям бар Ҳабибаллоҳ салавот.
Барои ин, ки Ҳақ тоат пазирад,
Чароғи маърифат дар дил намирад.
Азозил гавҳари имон нагирад,
Муҳаммад рӯзи маҳшар даст гирад.
Бигӯям ба