Эй сокини фардои қабр ва эй инсони ғофил! Чун бар қабр ворид шавӣ малакул мавт гуяд; эй фарзанди Одам, куҷост гуши ту, ки бишунавӣ ? Куҷост чашми ту, ки бубинӣ ? Забонат, ки забондарозӣ кунӣ ? Молу дороии ту чи шуд? Ту дунёро ҷамъ кардӣ , ё дунё туро ҷамъ кард? Ту дунёро тарк кардӣ , ё дунё туро тарк кард? Аз хок баланд шудӣ ва ба хок баргаштӣ . Бегуноҳ таваллуд шудӣ ва бо бори гуноҳ мурдӣ . Заифу нотавону гирён ворид шудӣ , бо такаббуру ғурур аз дунё рафтӣ . Ин марг аст нобудкунандаи лаззатҳо, парокандакунандаи ҷамоатҳо, ятимкунандаи духтарону писарон, рузи фироқу ҷудоӣ, рузи фарёду сукут, рузи гиряи гирякунандагон ва шодии шодикунандаг