МИЛОД МУБОРАК МОДАРЧОН
Модарам эй ахтари шабҳои ман,
Ёд меорам туро ман рӯзу шаб.
Дур гаштам аз туву аз меҳри ту,
Баъд аз он афтодаам дар тобу таб.
Модарам ман дӯст медорам туро,
Ҳар замон бар ёд меорам туро.
Лаҳзаи падруд чашмат сурх буд,
Ашк мерехтӣ барои тифли худ.
Кай дубора боз бубинам рӯи ту,
Дидаам пуробу чашмам кур шуд.
Модарам ман дӯст медорам туро,
Ҳар замон бар ёд меорам туро.
Дури аз ту дарди сахт аст модарам,
Рузу шаб ояд ба ёдам хоҳарам.
Дар гарибӣ сол рафту умр рафт,
Пир гаштам ман ба ёди ёварам.
Модарам ман дӯст медорам туро,
Ҳар замон бар ёд меорам туро.
Модарам умрам туи ҷонам туӣ
Ҳастиву умеду дармонам туӣ
Дар ҷаҳони бевафо овораам,
Дар ҷаҳони ман в