Эй дил, аз пасту баланди рӯзгор андеша кун, Дар барӯмандӣ зи қаҳти баргу бор андеша кун. Аз насиме дафтари айём барҳам мехурад Аз варақгардонии лайлу наҳор андеша кун. Нест бе заҳри пушаймонӣ ҳузури ин ҷаҳон Аз раги хоби фароғат ҳамчу мор андеша кун. Эй, ки механдӣ чу гул дар бустон беихтиёр Аз гулоби гиряи беихтиёр андеша кун. Бар лаби боми хатар натвон ба хоби амн рафт, Эманӣ, хоҳӣ, зи авҷи эътибор андеша кун. Захм мебошад гарон шамшери лангардорро Зинҳор аз душманони бурдбор андеша кун. Рӯй дар нуқсон гузорад моҳ, чун гардад тамом Чун шавад лабрез ҷомат, аз хумор андеша кун. Isо nurоv 987919089