Хандаҳои дилкаши мастонаи ҷононаро
Кӯҳҳо бишнида, хандиданд бо акси садо.
Бод оҳиста вазида бо навозиш сӯи дашт,
Майсаҳои кӯҳро алвонҷ дода мегузашт.
Обҳо ҷорӣ шуда бо як суруди дилписанд,
Ҷониби дашти ҷигарбирён шитобе дош-танд.
Баргирифта дасти якдигар ману гулдухта-ре,
Духтари хушлаҳҷае, шӯхе, тасаллопарваре,
Сархуш аз дидори ҳам, мо завқи беҳад доштем,
Бар забонҳо нуктае аз бахти сармад дош-тем...
Кош ин сон доимо хандад ба сӯи ман ни-гор,
Кош бошад мисли завқи ӯ садои рӯзгор.
Ишқ бошад, меҳр бошад, ҳам амонӣ дар ҷаҳон,
Завқ бошад, ханда бошад, ҳам вафои дӯстон.
Кӯҳҳо, фахред аз ишқи мани дилбохта,
Кӯҳҳо, хандед, акси завқи ҷонон сохта!
То ки нанмоед акс овози оҳу ноларо,
Оҳи ҷон