Дилам бар холи ёрони гарибафтода месузад,
Ба холи ошики бар бевафо дилдода месузад,
Замона кард модарро зи фарзандаш чудо имруз,
Дилам бар модари бо чашми чор истода месузад
Намонда кадри шеъру шоири дар ин замони мо,
Дилам бар шеъру байту шоиру сарбода месузад
Ба осони ба макри нокасон афтода духтархо,
Дилам бар холи хар як духтарони содда месузад
Набояд пистаи бе магз харгиз во кунад лабро,
Дилам бар пистаи бе магзи лаббикшода месузад
Набинам кош беморе ки сар бинхода дар болин,
Дилам бар холи беморе ки сар бинхода месузад,
Бигуй кухзод то кай мешавад Точик саркардон,
Дилам бар холи Точикхои мехнатзода месузад...;)