Бо ҳашт намуд гуруҳ нишинӣ, ҳашт намуди сифатат зиёда мегардад:
1. Бо дороён нишинӣ, ҳаваси дунёят зиёда мегардад.
2. Бо фақирон нишинӣ, шукргузорият зиёда мегардад.
3. Бо амирон нишинӣ, кибру ғурурат зиёда мегардад.
4. Бо занҳо нишинӣ, майл ба онҳо зиёда мегардад.
5. Бо кӯдакҳо нишинӣ, майл ба бозӣ зиёда мегардад.
6. Бо гунаҳгорон нишинӣ, ҷуръати гуноҳ кардан зиёда мегардад.
7. Бо солеҳон нишинӣ, ҳаваси ибодат зиёда мегардад.
8. Бо олимон нишинӣ, илму тақвоят зиёда мегардад.