Куҷоӣ, модари ҷонам, наметобӣ ба чашмонам,Ба қалбу дидаи пурхун сари гӯри ту гирёнам.Даме шуд дард ёри ту набудам такягоҳи ту,Набудам дастёри ту, бубахш, эй модари ҷонам.Ту рафтӣ аз канори ман, хазон омад ба ҷони ман,Надорад зиннату бӯе дур аз ту ин ҷаҳони ман.Симои пур зи меҳратро кашидам дар китоби дил,Бувад биншаста номи ту ҳамеша дар забони ман.Дилат мехост то бошӣ ҳамеша дар канори ман,Ва дар ҳар мушкиле бошӣ анису ғамгусори ман.Куҷоӣ, модари ҷонам, ба ёдат синабирёнам,Дур аз оғӯши гармат шуд хазон охир баҳори ман.Намедонам, аё модар, туро ман аз куҷо ҷӯям?Намебӯсад касе чун ту дигар пешонаву рӯям.Тавони ҷисму ҷони ман аз он як каф дуоят буд,Ба даргоҳи Худо акнун барои ту дуо гӯям