Аҷиб, дар 30 сол танҳо 8 чиз омӯхтааст.
Боре устоди донишманде аз шогирдаш пурсид: чанд соласт, ки дар назди ман шогирд ҳастӣ ва ба ту илм меомӯзам?
Шогирд: бештар аз сӣ сол.
Донишманд: дар ин муддати тулонӣ аз ман чӣ омӯхти?
Шогирд: танҳо ҳашт масъаларо.
Донишманд: Худоё ин чӣ мусибат аст? Умрам дар таълим додани ту гузашт ва танҳо ҳашт масъаларо аз ман омӯхти? Шогирд: устодам! Ман дӯст намедорам, ки дурӯг гӯям, танҳо ҳаминро омӯхтаам.
Донишманд бо дили озурда гуфт: бигӯ чӣ омӯхти?
Шогирд:
Аввал:
Дидам, ки ҳар кас маҳбуби худро дӯст медоранд, чун ба қабр меравад аз маҳбубаш ҷудо мешавад.
Ман амалҳои некро маҳбуби худ қарор додам, агар ба қабр ҳам, ки равам бо ман хоҳад буд.
Дуввум:
Ман ди