Васиятҳои Имоми Аъзам Абўҳанифа (р) ба фарзандаш Ҳаммод (р) Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим Фарзандам! Худованд туро ба роҳи рост иршод ва таъйид кунад, мехоҳам туро чанд васият кунам, ки агар онҳоро ба ёд супорӣ ва дар амал татбиқ кунӣ, умедворам, ки иншоаллоҳ саодати дунё ва охиратро ҳосил кунӣ. Аввал: Нахустини он тақво аст, ки аъзо ва андомҳои худро ба хотири тарси Худо аз гуноҳон маҳфуз бидорӣ ва фармудаҳову дастуроти Парвардигоратро аз рўи убудият ва бандагӣҳамвора ба ҷой оварӣ. Дувум: Он чиро эҳсос кардӣ, ки ба донистан ва омўхтани он муҳтоҷӣ, бештар худро дарҷаҳлу нодонӣ магузор ва ҳарчи зудтар онро биёмўз. Севум: Бо касе, ки дар умури дину дунё ба вай муҳтоҷ нестӣ, нишасту бархост макун.