Аз мулки гарибихо, оям ба дарат модар, Дурам зи канори ту, оям ба барат модар. Ман аз гами ту оча, дар сина алам дорам, Эй чони ширини ман, курбони сарат модар . Дар кишвари бегона сад гуна азоб дорам, Оям ба дари хона, гирам хабарат модар. Ту аз гами мо оча, селобаи ашк рези , Мурдам мани дилсухта, аз чашми тарат модар. Васфат натавонам гуфт, бо шеъру газал имрўз, Сад сахфа китоб созам, аз як асарат модар . Харчо, ки ту биншини, гуи, ки Асо дорам, Харчо, ки ту по мони, ман хам сафарат модар.