Дилам сузад барои модари чон,
Барои модари дар хок пинхон.
Барои он азизи чашм бар рох,
Хамоне,ки зи холам буд огох.
Хамоне,ки намехобид то руз,
Ягона мехрубонам буду дилсуз.
Ба чои чони тифлаш чон медод,
Хама умри азизаш дода бар бод.
Ду чашмаш хира карда зиндагони,
Кучо монда нишони аз чавони.
Агар хори халад бар пои фарзанд,
Чудо мегашт чисмаш банд аз банд.
Вале мо лахзаи шодаш накардем,
Ба пои худ шудем,ёдаш накардем.
Дили нозуки уро об кардем,
Варо озурдаву нотоб кардем.
Надонистем,ки чояшро дар олам,
Намегирад дигар хеч зоти одам.
Илохо кабри ту пурнур бошад,
Имонат тозаву мастур бошад.
Ту боши хамнишин бо растагорон,
Худо чоят кунад бо ахли ризвон