Дубора мох бадашуд, чаро намеои?
Дубора мохи дигар шуд чаро намеои?
Парандагони мухочир ба лона баргаштанд.
Дубора чах-чаха сар шуд чаро намеои?
Бародарони мусофир ба хона баргаштанд.
Дубора ках-каха дар шуд, чаро намеои?
Хазор лола ба дил, лолазори Файзобод.
Дубора хуни чигар шуд, чаро намеои?
Нихоли пушти дарат бо кадат баробар буд,
Чанори хушкаду бар шуд,чаро намеои?
Гули пиёда ба манзил пиёда боз омад,
Ба рафтанат чикадар шуд, чаро намеои?
. БОЗОР СОБИР